Дар ин дунё [Dar in dunyo] lyrics
Дар ин дунё [Dar in dunyo] lyrics
Як су дар ин дунё касе, бечорае мисли хасе
Бар эҳтиёҷи луқмае нигоҳи пур аз ҳавасе
Сӯи дигар бурдаи нон ба пеши саг беқадаре
Қиммат аз одамие нози саги пушти даре
Як су дар ин дунё касе бечорае мисли хасе...
Дунёи дун оҳ чи аҷаб одами бас хор чаро?
Хонаи дил хонаи ғам аз ҳама бисёр чаро?
Духтаре хуб рӯз набарад, бахти сиёҳ ҳам сафараш
Духтаре нохуб вале тоҷе сари марде бараш...
Як содарин дунё касе бечорае мисли хасе...
Дунё равад аз саре мо неку бадаш аз бари мо
Ғайри қанор аз чи кунем хост чунин довар мо
Дунёи дун оҳ чи-аҷаб одами бас хор чаро?
Хонаи дил хонаи ғам аз ҳама бисёр чаро?
Як су дар ин дунё касе, бечорае мисли хасе
Бар эҳтиёҷи луқмае нигоҳи пур аз ҳавасе
Сӯи дигар бурдаи нон ба пеши саг беқадаре
Қиммат аз одамие нози саги пушти даре
Як содарин дунё касе бечорае мисли хасе...
- Artist:Jonibek Murodov