Тоҷик-Форс-Дарӣ [Tojik Fors Dari] [English translation]

Songs   2024-11-23 15:16:02

Тоҷик-Форс-Дарӣ [Tojik Fors Dari] [English translation]

Гар мулки ту Шому гар Яман хоҳад буд,

Аз сарҳади Чин то ба Хутан хоҳад буд,

Рӯзе ки аз ин саро кунӣ азми сафар,

Ҳамроҳи ту ҳафт газ кафан хоҳад буд,

Сармояи умри одаме як нафас аст,

Он як нафас аз барои як ҳамнафас аст, [2x]

Бо ҳамнафасе гар нафасе биншинӣ

Маҷмӯи ҳаёти умр он як нафас аст,

Тоҷик ваё Форс ваё аҳли Дарӣ, эй, [2x]

Дар ҳастию ҳамбастагии якдигарием [2x]

Аз баҳри замона ор мебояд дошт,

Аз сӯҳбаташон канор мебояд дошт

Аз пеши касе кори касе накушояд,

Умед ба кирдигор мебояд дошт,

Тоҷик ваё Форс ваё аҳли Дарӣ, эй, [2x]

Дар ҳастию ҳамбастагии якдигарием [2x]

Ҳей марди Худо Худо мададгорат бод

Ҳей арши вафо Худо мададгорат бод

Исён дили ӯ ту макаши доди Худост1

Ҳей доди Худо Худо мададгорат бод

Тоҷик ваё Форс ваё аҳли Дарӣ, эй, [2x]

Дар ҳастию ҳамбастагии якдигарием [2x]

[2x]

1. user quibeck thinks it should be "Исёнгарию тӯдакашӣ доди Худост" but isn't sure.

See more
Sadriddin Najmiddin more
  • country:Tajikistan
  • Languages:Tajik, Persian, Dari
  • Genre:
  • Official site:
  • Wiki:
Sadriddin Najmiddin Lyrics more
Sadriddin Najmiddin Featuring Lyrics more
Excellent Songs recommendation
Popular Songs
Copyright 2023-2024 - www.lyricf.com All Rights Reserved