Азизам [Azizam] [Russian translation]
Азизам [Azizam] [Russian translation]
Зебои хуфта,
Ҳатто ба хобат ба лабҳо ханда шукуфта
Нахоб азизам,
Кушо ду чашмот, ки дорам ҳарфи нагуфта
Мегӯям дони -
Ман ошиқи ту, фақат ту, рафики ҷонӣ!
Дар зиндагонӣ, хоҳи нахоҳи
Ту бояд бо ман бимонӣ!
~~~ припев | chorus ~~~
Нахоб азизам!
Хоби ту абрӣ кунад шаби маҳтобӣ
Чашми ту ситорам вақти нахобӣ
Ту дар ин шаби сиёҳ чу моҳи тобӣ
Азизам, чаро хобӣ?
Нахоб азизам!
Хоби ту абрӣ кунад шаби маҳтобӣ
Чашми ту ситорам вақти нахобӣ
Ошиқам, ин бӯсаҳот куҷо биёби?
Азизам, чаро хобӣ?
~~~~~~~~~~~~~
Нигоҳ дар нигоҳ, пайдо кунад роҳ
Бигирад дили мо паноҳ
Дар синаам оҳ, дихад дил гувоҳ
Метапад бо чашми сиёҳ
Зебо нигори, шукуфазорӣ
Азизам, боғу баҳорӣ
Ман оби ҷорӣ, чу чашмасорӣ
Ту аммо, оташу норӣ
припев | chorus
- Artist:Jonibek Murodov
See more