Дӯстон [Do'stan] lyrics
Дӯстон [Do'stan] lyrics
Дар зиндагӣ, рафиқе
Монданди якдигар нест.
Дар ёди давлати дӯст,
Аз душмане асар нест.
Ёрон ба роҳи ёрӣ
Ғолиб ба ҳар рақибанд
Тарсе зи оламам нест
То дӯстон қарибанд
Дунё таронаи меҳр
Бо дӯстони ҳамдам
Бо ашку хандаҳое
Дар рӯзи шодиву ғам
Аз ҷурму аз хатоҳо
Вораста метавонам
Хоҳӣ нахоҳӣ, ҳақ бин
Дар чашми дӯстонам
Ҷон дӯстон! Ҷон дӯстон!
Ҷони ҷаҳон дӯстон!
Бо садоқат, бо муҳаббат,
Беҳтар зи ҷон дӯстон!
Ҷон дӯстон! Ҷон дӯстон!
Ҷони ҷаҳон дӯстон!
Меҳрубонон, ҳамзабонон,
Беҳтар зи ҷон дӯстон!
Қадри болои шумо
Бардорад қадри манро;
Меҳратон гармӣ бахшад
Дунёи даҳрӯзаро
Сад дарду ранҷи олам
Аз сар шавад гурезон
То ҳамдами шумоям,
Эй дустон азизон!
Бо шумо бешу ками ман
Ба ганҷи замона баробар
Аз шумост рӯҳи равонам
Шоду меҳрбахшу тавонгар
Дастатон медиҳад даст-
Дасти сад боғу бӯстон.
Дар ҷавоб оҷизам ман
Эй меҳрубон дӯстон!
Ҷон дӯстон! Ҷон дӯстон!
Ҷони ҷаҳон дӯстон!
Бо садоқат, бо муҳаббат,
Беҳтар зи ҷон дӯстон!
Ҷон дӯстон! Ҷон дӯстон!
Ҷони ҷаҳон дӯстон!
Меҳрубонон, ҳамзабонон,
Беҳтар зи ҷон дӯстон!
Доим баробари ман
Ёру бародари ман
Номи накӯят эй дӯст
Аз ширу шакари ман
Дар оламе, ки касро
Бо як дирам нагиранд
Хӯш бод ёди ёрон
К-аз баҳри ҳам бимиранд
Ҷон дӯстон! Ҷон дӯстон!
Ҷони ҷаҳон дӯстон!
Меҳрубонон, ҳамзабонон,
Беҳтар зи ҷон дӯстон!
Ҷон дӯстон! Ҷон дӯстон!
Ҷони ҷаҳон дӯстон!
Меҳрубонон, ҳамзабонон,
Беҳтар зи ҷон дӯстон!
- Artist:Jonibek Murodov