шодӣи дер омада [Shodii der omada] lyrics

Songs   2025-01-20 22:40:53

шодӣи дер омада [Shodii der omada] lyrics

~~~~~~ припев ~~~~~~~~

Ҳей шодӣи дер омада, ҳей дарди ман хуш омади,

Ҳей раъду барқи қисматам баҳри чи хомӯш омади?

[2x]

Ту о мане, ки гӯямат гирёну хандон марҳабо,

Сад сол ман танҳо будам, охир куҷо буди, куҷо?

..........................охир куҷо буди, куҷо?

~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~

Чун шуд, ки аз ташрифи ту сад дурӣ ҷон ғофил бимонд,

Байти муборакбодӣам дар лаб буду дар дил бимонд.

[2x]

Бояст мешуд зилзила аз омадат дар шаҳри мо,

Хандид бояд гармтар хуршед аз баҳри само,

..............................хуршед аз баҳри само

Ҳей омада бо ашку оҳ дар марги ишқи бегуноҳ,

Пушти дарам истодаӣ пур аз гуноҳу бепаноҳ.

[2x]

Ку қалби нарму соддае бар тавбаат бовар кунад,

Ку оташе к-аз нав маро сӯзонда хокистар кунад.

припев.

See more
Nigina Amonqulova more
  • country:Tajikistan
  • Languages:Tajik, Persian, Dari, Russian+2 more, Shughni, Uzbek
  • Genre:Classical, Folk, Pop-Folk, Singer-songwriter
  • Official site:https://niginamusic.net/
  • Wiki:https://tg.wikipedia.org/wiki/Нигина_Амонқулова
Nigina Amonqulova Lyrics more
Nigina Amonqulova Also Performed Pyrics more
Excellent Songs recommendation
Popular Songs
Copyright 2023-2025 - www.lyricf.com All Rights Reserved