Muhammadrafe - Ишқи рӯҳафзо [Ishqi ruhafzo]
Muhammadrafe - Ишқи рӯҳафзо [Ishqi ruhafzo]
~~~ припев ׀ chorus ~~~~
Эй ишқи рӯҳафзо пайдову нопайдо,
Мо ҳам гирифторем, дар қайди ин савдо [2x]
Эй дарди ҷонсӯзам, дар сина маҳфузам,
Танҳо манам огаҳ, аз сӯзи ҳар рӯзам [2x]
~~~~~~~~~~~~~~
Эй ҳусни нотакрор, эй чашми афсункор,
эй чашми афсункор!
Дар банди ҷодуем, ҳам чору ҳам ночор,
ҳам чору ҳам ночор
Аз доғи ҳасратҳо, аз ишваю даъво,
Олам саропо шуд, пуршӯру пурғавғо.
припев ׀ chorus
Ин чарх чӣ гардон аст, дунё пурармон аст,
дунё пурармон аст
Ашки надоматҳо бар рӯи мижгон аст,
бар рӯи мижгон аст
Аз доғи ҳасратҳо, аз ишваю даъво,
Олам саропо шуд, пуршӯру пурғавғо.
припев ׀ chorus
- Artist:Muhammadrafe
See more