Лаъли Лабон [La'li labon]
Лаъли Лабон [La'li labon]
Ду чашмони сиëҳ во мекуни, гул,
Маро Маҷнуну шайдо мекуни, гул.
[2x]
Наметарси зи фардои қиëмат?
Ки месӯзам тамошо мекуни, гул
[2x]
~~~ припев | chorus ~~~
Лаъли лабони ман биё!
Офати ҷони ман биё!
Номеҳрубони ман биё!
Макун ҷудоӣ, оҳ бевафоӣ [2x]
~~~~~~~~~~~~~~
Чаро дору мадоро мекуни, гул?
Чаро имрӯзу фардо мекуни, гул?
[2x]
Зади оташ ба ҷони нотавонам,
Зи дур шишта тамошо мекуни, гул.
[2x]
припев | chorus
Замину осмон бе нам намешад,
Диле, ки ошиқ аст - бе ғам намешад
[2x]
Бидеҳ бӯса аз он лабони нозук,
Ба хурдан оби дарё кам намешад.
[2x]
припев | chorus
- Artist:Karomatullo Qurbonov
See more