Гимни Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон [Anthem of the Tajik Soviet Socialist Republic] [Chinese translation]
Гимни Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон [Anthem of the Tajik Soviet Socialist Republic] [Chinese translation]
Чу дасти Рус
мадад намуд,
бародарии халқи Совет устувор шуд,
ситораи ҳаёти мо шарорабор шуд.
Гузаштаҳои пурифтихори мо
ба ҷилва омаданду дар диёри мо, диёри мо
Мустақил давлати Тоҷикон барқарор шуд.
Ба ҳоли таб
даруни шаб
Садои раъди даъвати Ленин фаро расид
Зи барқи байрақаш сиёҳии ситам парид
Саодати ҷовидон дар ин замин
Зи партия ба мо расид, ба партия сад офарин
Марду озода моро чунин ӯ бипарварид.
Шиори мо
диҳад садо:
Баробарӣ, бародарӣ миёни халқи мо.
Зи хонадони мо касе намешавад ҷудо,
Ягонагиро ба худ сипар кунем
Ба сӯи фатҳи Коммунизм сафар кунем, сафар кунем,
Зинда бод мулки мо, халқи мо, Иттиҳоди мо.
See more