Пазмон шудам [Pazmon shudam] [Russian translation]

Songs   2024-11-22 22:12:34

Пазмон шудам [Pazmon shudam] [Russian translation]

Ҷонам ту биё,

Ҷонам ту биё, биё, ки пазмон шудам ман,

Ранҷондан туро ёр пушаймон шудам ман,

Ранҷондан туро ёр пушаймон шудам ман.

Хандон лаби ёр,

Хандон лаби ёр, бе ту дил абгор шудам ман,

Бар шаҳду шакар ғоят харидор шудам ман,

Бар шаҳду шакар ғоят харидор шудам ман.

Аз дурию ту чашми тарам хоб надорад,

Ёр нури туро шуълаи маҳтоб надорад.

Ту моҳи гулистонию ҳам ганҷи табиат

Ҳеҷ кабки дарӣ мисли ту одоб надорад.

Ту мохи гулистонию ҳам ганҷи табиат

Ҳеҷ кабки дарӣ мисли ту одоб надорад.

Эй, кабки дарӣ,

Эй, кабки дарӣ, рақиби мо гӯш накуни боз,

Ин ёри қадимиро фаромуш накуни боз,

Ин ёри қадимиро фаромуш накуни боз.

Меҳмони дилам бош, ки қурбонат шавам ман,

Садбарги тарам бош, ки гулдонат шавам ман.

Гар ҳарфи хато аз мани дил дода шуниди,

Маҳқум ба барам бош, ки посбонат шавам ман.

Гар ҳарфи хато аз мани дил дода шуниди,

Маҳқум ба барам бош, ки посбонат шавам ман.

Мастонаи ман,

Мастонаи ман, меҳру вафои ту куҷо шуд?

Чун бахту рахшида ба ман хона баҷо шуд.

Ҷонам ту биё,

Ҷонам ту биё, биё, ки пазмон шудам ман,

Ранҷондан туро ёр пушаймон шудам ман,

Ранҷондан туро ёр пушаймон шудам ман.

See more
Khujasta Mirzovali more
  • country:Tajikistan
  • Languages:Tajik, Persian
  • Genre:Pop-Folk
  • Official site:
  • Wiki:
Khujasta Mirzovali Lyrics more
Excellent Songs recommendation
Popular Songs
Copyright 2023-2024 - www.lyricf.com All Rights Reserved