Mere Mehboob Qayamat Hogi [Tajik translation]
Mere Mehboob Qayamat Hogi [Tajik translation]
Маҳбубам, рӯзи қиёмат меояд.
Имрӯз расво, дар кӯчаҳои ту, муҳаббати ман мешавад.
Номи туро талаффуз мекунанд ин лабҳо,
То даме, ки ҷон за дили ноком рухсат мекунад.
Маҳбубам.
Аз назди дари санамам гузари агар,
Эй боди сабо, аз ӯ бипурус:
"Эй ситамгар, оё дори хабар,
Номи туро мегуфт, то даме зинда буд,
Эй шамъ, парвонаи ту,
Оне, ки ин қадар нафраташ дошти?"
Имрӯз расво, дар кӯчаҳои ту, муҳаббати ман мешавад.
Маҳбубам.
Ба кӯчаи ту меомадам, санам.
Нағмаи вафо мехондам, санам.
Сурудҳое, ки гӯш намекарди, санам.
Имрӯз боз омадам, магар
То ки гӯям, мани девона,
Хатм мешавад ин ваҳшат имрӯз.
Имрӯз расво, дар кӯчаҳои ту, муҳаббати ман мешавад.
Маҳбубам.
Гумони ман ту ғусса мекуни,
Ту ҳам бо касе ошиқ мешави.
Ва нораво мешавад ӯ ба ту.
Ту ҳам, санам, карди ситам.
Бино бар ин аз хотир набурор,
Ки ба ту ҳам иноят мешавад.
Имрӯз расво, дар кӯчаҳои ту, муҳаббати ман мешавад.
Маҳбубам, рӯзи қиёмат меояд.
Имрӯз расво, дар кӯчаҳои ту, муҳаббати ман мешавад.
Назари ман гиря мекунад
Дили ту ҳам, санам, ба ту шикоят мекунад.
Маҳбубам.
- Artist:Kishore Kumar