Ватан [Vatan] [Russian translation]
Ватан [Vatan] [Russian translation]
~~~ припев | chorus ~~~~
Биравед, то бимонам, 2х
Ки ман аз ватан ҷудоӣ ба Худо наметавонам 2х
Биравед, то бимонам
~~~~~~~~~~~~~~~~
Чу маҷоли тан шавад тай,
чу бирезадам рагу пай,
Ту хамон ҳикояти "най"
шунави зи устухонам 2х
Шаби ғурбат арчи рангин
зи булӯру нуру озин,
Ба чи кор оядам ин,
ки дар ӯ на шодмонам? 2х
припев | chorus
Зи гудозаҳои оташ
шабу рӯз дар кашокаш,
Чу хаели ман мушавваш
шуда зеҳни осмонам.
Хараме, ки соя мезад
ба сарам агар бирезад,
Дили ман куҷо гурезад,
ки муқимӣ осмонам?
припев | chorus 2х
- Artist:Valijon Azizov
See more