Зиндагӣ [Zindagi] lyrics
Зиндагӣ [Zindagi] lyrics
Азизи ман, шабу рӯз дар куҷоӣ?
Гирифтори ғамат гаштам, наои.
Куҷо рафти, куҷо бурди дили ман?
Бисӯхтам ман зи дасти бенавоӣ.
[2x]
~~~~~ припев ~~~~~~~~~~
Гаҳе гирям, гаҳе хандам, Худоё,
ки дар ҷодуӣ чилбандам, Худоё.
Ҷахон гар ғарқи андӯҳ аст бо ман.
Чаро аз ғусса хурсандам, Худоё?
[2x]
~~~~~~~~~~~~~~~~~~~
Гуноҳамро чӣ меҷуи, дили ман?
Зи оинам чӣ мегӯи, дили ман?
Ман он хоки сари роҳи вафоям.
зи хоки ман ҳаме рӯи, дили ман.
[2x]
Биё якдам ғубор аз қалби ман бар
ба лутфу ҳамдилию ҳамзабонӣ.
Кушо домони ҳиммат, гир дастам
Наҷоти ман туи, ҳей ёри ҷони!
[2x]
припев
Бо навои зиндагӣ, бо садои зиндагӣ
Мепарам ман дар ҳавои зиндагӣ
[2x]
- Artist:Shabnam Surayo
See more